Четверг, Ноябрь 21Вместе создадим светлое будущее!


Ҳикояи тамсилӣ №7

Яке дар пеши бузурге аз фақирии худ шикоят мекарду сахт менолид.
Гуфт: мехоҳӣ, ки даҳ ҳазор дирҳам дошта бошию, чашм надошта бошӣ?
Гуфт: албатта, ки не, ду чашми худро бо ҳамаи дунё иваз намекунам.
Гуфт: ақлатро бо даҳ ҳазор дирҳам иваз мекунӣ?
Гуфт: на.
Гуфт: дасту поии худро чи?
Гуфт: ҳаргиз.
Гуфт: пас ҳам акнун Худованд, садҳо ҳазор дирҳам дар домони ту гузоштааст. Боз шикоят дорӣ ва гила мекунӣ? Балки ту ҳозир нахоҳӣ буд, ки ҳоли хешро бо ҳоли бисёре аз мардумон иваз кунӣ ва худро хуштару хушбахттар аз бисёре аз мардумони атрофи худ мебинӣ. Пас, он чӣ туро додаанд, басе бештар аз он аст, ки дигаронро додаанд ва ту ҳануз шукри ин ҳамаро ба ҷой наёварда, хоҳони неъмати бештаре ҳастӣ.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.