Четверг, Ноябрь 21Вместе создадим светлое будущее!


Ҳикояи тамсилӣ №6

Донишманде бо номи Дойл Корнеӣҷӣ қисса мекунад, ки марде гирифтори ҷароҳати меъда буд ва бемориаш рӯз то рӯз сахттар хуруҷ мекарду вазнинтар мешуд. Духтурон ӯро аз бемористон ҷавоб доданд ва гуфтанд, ки ӯро умр кам мондааст ва дардаш низ беилоҷ аст. Баъдан Ҳоний (номи бемор) тасмим гирифт, ки агар умри ӯ кам монда бошад мехоҳад сафар кунад ва ҳар чӣ дилаш мехоҳад аз он тановул намояд. Ҳарчанд ӯро манъ карданд, ки сафар накунад, ки дар ҷоӣи дигар мемирад. Ӯ эътимод накард, сафар пеш гирифт. Дар сафар ҳар чӣ дилаш хост хӯрд, ҳатто хӯрданиҳое, ки қаблан барояш пизишкон манъ карда буданд, бемалол хӯрд. Хандид, гирди ҷаҳон чархид, шаҳру ноҳияҳои нав ба навро дид. Пас аз андак муддате ба занаш нома навишт, ки ягон бор ин гуна хурсанд нашуда будааст. Пас аз чанде ба хона бармегардад, ки рангу рӯяш нисбати пештар зебову баданаш фарбеҳ ва аз дард нишоне намондааст. Хурсанд будан беҳтар аз шифову давои духтурон…!

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.