Четверг, Ноябрь 21Вместе создадим светлое будущее!


Ҳикояи тамсилӣ №4

Қиссаи ҷавоне, ки ҳамеша ба духтарон менигарист. Ҷавон ба назди олиме омад ва аз ӯ чунин савол намуд: “Ман писари ҷавоне ҳастам, вале рағбату хоҳишотам хеле зиёд аст ва наметавонам хоҳишоти нафсониамро аз нигоҳ намудан ба суйи духтарҳо манъ намоям ҳангоме, ки дар бозор ва ҷойҳои оммавӣ қарор мегирам, чӣ кор кунам, то аз ин холат начот ёбам?. Олим гуфт: “Ман ба саволи ту амали посух мегуям, то ба он посухи ман худат каноъатбахш гардӣ. Олим як пиёла ё ҷомеро лабрез аз шир намуда, ба дасти он ҷавон дод. Ба ӯ чунин гуфт, ин ҷоми пур аз ширро ба дастат мегирӣ ва аз оғози бозор то ҷойи муайяне меравӣ ва коре мекунӣ, ки аз ин ҷом як қатра шир ба замин нарезад. Инчунин он олим яке аз шогирдонашро бо он ҷавон ҳамроҳ бо ӯ фиристод, то мувозиб бошанд, ки як қатра шир аз ин ҷом нарезад, агар ҳангоми роҳ рафтанаш резад, дар назди ҳамагон ӯро бо чубе зананд. Ҷавон ҷоми пур аз ширро бар даст гирифт ва хело моҳирона бо он ҷоми пур аз шир аз аввали бозор то ҷойи муайян намудаи он олим ба хубӣ расид ва қатрае шире аз он ҷом ба замин нарехт. Ҳангоме, ки ба назди он олим расиданд ва аз ӯ олим пурсид: “Чандто духтареро дар ин масири роҳ диди ҳангоми роҳ рафтанат?”. Гуфт ҷавон :”Олими гиромӣ ман дар аснои роҳ рафтанам духтар он тараф истад, чизеро дар атрофам мушоҳида нанамудам. Ҳамеша дар тарсу бими он будам, ки агар қатрае шир аз ин ҷом резад дар назди мардуми дар атрофам буда, шарманда мешавам аз он чубе, ки бо он маро мурокиби ман маро бо ӯ мезанад”. Олим гуфт: “Бале акнун фаҳмиди чунин аст, ҳоли шахси муъмин дар ин дунё. Шахси муъмин ва мусалмон ҳамеша метарсад аз Худованд ва хории рузи қиёмат ҳангоме, ки иртикоби гуноҳ мегардад дар дунё”. Пас бидон ва огоҳ бош писарам ҳамеша, ки ин муъминони ҳақиқӣ ҳимоя менамоянд нафсҳои саркаши худро аз иртикоби гуноҳон. Зеро ҳамеша рузи қиёмат ва ҳисобу китоби онро пеши назар мегузоранд, кабл аз даст задан ба гуноҳ ва ё нигаристан ба духтари номаҳрами бегона.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.