Четверг, Ноябрь 21Вместе создадим светлое будущее!


Ҳикояи тамсилӣ №3

Қиссаи воқеии ҳидояти падар тавассути писар. Ҷавони наврасе, ки Худованд дар ин ҳолати наврасӣ ӯро ба роҳи рост ҳидоят намуд, Манучеҳр ном дошт. Манучеҳр дар хонадоне умр ба сар мебурд, ки он хона пур аз чизҳои ҳаром ва фисқу фуҷур буд. Падараш ончунон аз ислом бехабар буд, ки ҳатто намоз куҷо қибларо намедонист, ки кадом тараф аст. Нахуст падарашро даъват намуд, ки корҳои ҳаром анҷом медодаашро тарк намояд ва ба ислом, яъне роҳи рост қадам намояд, то растагор гардад. Вале падар аслан ба гапи писараш гӯш намедод ва ҳатто ба суханони тавҳидомези писараш лабханд мезад ва мегуфт, писарам ба кори худат машғул шав, зеро ту бояд насиҳат пазир бошӣ на ман, ман падари туям на ту падари ман, то ин ки маро насиҳат кунӣ. Манучеҳри дар ақидаи худ росих масъаларо ҳамин тавр раҳо накард ва аз пай ҷустуҷӯи роҳи ҳалли ин қазия гашт. Ба назди ман омад ва чунин воқеаи рух додаро ба ман қисса намуд. Ба рости чун ман ҳангоми қисса намудани Манучеҳр ба чашмони ӯ менигаристам ва аз аъмоқи дилаш чунон сидқ дар суханонаш ҳувайдо буд, ки ман яқин кардам, ки ҳатман дуои ӯ ба даргоҳи Худо мустаҷоб хоҳад гашт. Зеро яке аз шартҳои қабули дуо ин аз сари сидқ будани шахс дар ҳар масъалае, ки аз Худованд металабӣ ва дар он масъала яқин доштан аст. Чун самимияти Манучеҳр воқеан, ки ҳадду андоза надошт дар ҳол ба ӯ чунин гуфтам: Манучеҳр ҳангоме, ки сеяки шаб шуд, яъне қабл аз намози бомдод ба ним соате пас аз вузу гирифтан ду ракаъат намоз бигузор ва аз Худованд бо самимият ва хулуси ният талаби ҳидояти падаратро бикун то бошад, ки он пазируфта шавад ва Манучеҳр пас аз чунин машварате, ки бо ӯ намудам тибқи гуфтаи худи ӯ ман қариб, ки ҳар шаб намози таҳаҷҷуд дар поси охири шаб мегузоштам ва бо хулуси ният бо зориву тавалло аз Худованд талаби ҳидояти падарамро менамудам. Яке аз чунин шабҳо дар утоқи худам машғули дуо ва ниёиш будам. Падарам ҳамеша аз маъракаҳои дӯстони бадроҳааш дер ва ё қариби субҳ бадмаст бар мегашт ва касе ёрои сухан гуфтан бо ӯро намекард. Ҳангоме, ки ӯ вориди хона гашта буд ҳама дар хона дар хоби ноз ё ғафлат буданд ва ҳама хона ором буд. Ин ҳангом садои гиряе мешунавад ва дар ҷустуҷӯи соҳиби садо мешавад. Вақте, ки мутаваҷҷиҳ мешавад ин садо аз утоқи хоби ман берун меояд. Дарҳол ба назди утоқи ман меояд ва нахуст мехоҳад ворид гардад, вале чун мешунавад, ки Манучеҳр бо садои гиряомез аз Худованд талаби ҳидояти падарашро дорад. Каме меистад ва гӯш мекунад, ки танҳо барои ӯ дуо дорам ва инҷо то охир меистад ва аз ин дуоҳое, ки барои ӯ шуда истодааст дилашро нарм ва вуҷудашро ларзае фаро мерасад. Гуё Худованд ӯро барои ҳидоят ба назди ин утоқ овардааст, ки бишунав ин фарзанд ва ҷигарбанди солеҳат барои ту аз Худованд талаби ҳидоят ва бозгашт аз роҳи мунҳарифро дорад. Чуноне, ки расули Акрам (с) дар ҳадисе мегӯяд: «Дил дар миёни ангӯштони бемонанди Худованд аст ва ҳар тараф, ки хоҳад онро давр медиҳад». Боз дар ҳадиси дигаре мефармояд: Огоҳ бош, ки дар бадани инсон як пораи гуште вуҷуд дорад, ки агар он дуруст ва ислоҳ шавад, ҳамаи бадан ислоҳ хоҳад шуд ва агар он пораи гушт хароб ва фосид шавад, тамоми бадан низ табоҳ ва фосид хоҳад шуд. Огоҳ бош, ки он қалб аст». Худованд дили ин падарро нарм намуд ва раъшае дар баданаш дамид ва дар ҳол бе ист ба тарафи хонаи хоби худ шитобон рафт ва либоси тозае барои худ ихтиёр намуд ва рафта шустушӯй намуда, дарҳол ба назди писараш, ки дар рӯйи ҷойнамоз нишаста барои ӯ дуои ҳидояташро дорад, дохил гардид. Бидуни сухану даранге рӯи ба сӯи қибла намуд ва аввалин намозеро ният намуд ва аввалин саҷдаеро, ки пешонии ӯ то ба ҳол дар назди маъбудаш накарда буд, гузошт ва ба ҷои «Субҳона рабиял – Аъло» бо забони шевои тоҷикӣ чунон мегирист ва аз Худовандаш талаби мағфират менамуд, ки Манучеҳр, ки қабули дуояшро бо ду чашмони сар медид. Бори дигар яқинаш биафзуд ва аз чунин ранг гирифтани кор гиря гулӯгираш намуд. Танҳо чунин мегуфт: «Эй Худованди ман, ту ҳақ ҳастӣ ва ман яқин дорам, ки падари бузургворамро бо ин садоқаташ, ки дар назди ту сари саҷда гузошта аст, бипазир ва ӯро аз бандагони мухлиси худ қарор бидеҳ, зеро ту худ гуфтаӣ, ки дуо намоед, то ман бипазирам ин ҳам дуо ва танҳо аз ту пазириш». Манучеҳр мегӯяд, пас аз адои аввалин намози субҳи ҳидоят падарам маро дар оғуш гирифт ва чунон гиристем, ки ҳадду андоза надошт. Дар идомаи ин қиссааш Манучеҳр гуфт: алҳамдулиллоҳ, падарам муддати ҳафт моҳ аст, ки бо хулуси ният чунон аз сари сидқ намозу ниёиш менамояд, ки ҳатто аз ман зиёдтар ва хубтар. Худоро шукр менамоям, ки бо ҳидоят ёфтани падари бузургворам қариб ҳама оилаи мо ба кулли тағйр намудааст ва метавон гуфт як оилаи воқеъан исломӣ ва парҳезкор табдил ётааст. Бале хонандаи гиромӣ ин қиссаи воқеиест, ки бо исор ва дуо ва намози шаб ва рӯй овардан ба Худо чунин натиҷаи хубе додааст. Ман боварии комил дорам, ки ҳар яки мо метавонем, бо дуо ва ниёиш ва танҳо талаб аз Худованд(ҷ) масири ҳам худ ва атрофиёнамонро тағйир диҳем ва аз ёд набояд барем, ки агар Худованд тавассути мо шахсеро ҳидоят намояд барои мо аз дунё ва он чӣ дар дунё ҳаст беҳтар аст. Пас шитобем, то фурсат дар даст дорем, вақтро ғанимат бояд шуморем, зеро вақт ба монанди шамшер аст, агар ӯро набури ӯ туро мебурад.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.