Контактная информация
Эҳ, парастуҳои ҳарҷогард, ҳарҷогард. Боз омадед, биёед. Болу пар занед. Биёед, дигар фазо аз они шумост. Шуморо дер боз интизор будам. Биёед, кӯчаи камодамро сайр кунед, бол афшонед, дар фазои кушод бо овози маҳини худ оламро дигаргун созед. Биёед, дар пештоқи хонаамон лона гузоред, ман дигар шуморо аз хонаамон намеронам, лонатонро вайрон намекунам, чӯҷаҳоятонро киш намегӯям, биёед.
Эҳ, парастуҳои зебои ҳарҷогард, магар аз хотиратон нарафтааст, ки мо чӣ тавр бо ҳам қиёмат барпо намудем, шуморо чӣ тавр бо чӯҷаҳоятон аз хонаамон рондам, лонаатонро вайрон намудам. Шуморо чашми дидан надоштам, ҳатто овози фораматон ба гӯшам гӯшхарош мерасид. Тоқати шунидани овози маҳини шуморо надоштам. Ҳатто, лонае ки шумо бо чӣ қадар ранҷу заҳматҳо бунёд карда ва дар он чӯҷа бароварда будед, вайрон кардам, маро бубахшед, парастуҳои бегуноҳ. Охир, мани танҳомонда чӣ илоҷ ҳам доштам. Охир, мани ғамдида оё он вақт чӣ кор карданамро медонистам? Не, шумо ҳам не, вале ҳар чӣ ҳам буд, гузашт, аммо ба гузаштане, ки доғаш гуё ба рӯи моҳ монда бошад, ҳар гоҳ қалбамро монанди намаки ба рӯи ҷароҳатпошида, сӯхта реш-реш мекунад. Парастуҳои бегуноҳ, ёд доред, ҳамон шаби торики фаромӯшнашавандаро, ки зиндагии ширинамро ба монади буғма талх кард, рӯзи сафедамро монанди рӯи худ сиёҳ кард. Хурд будам, аммо намедонам чанд сол доштам, вале ҳамаи ҳодисаҳои он шаби тирарӯй дар сарам хуб нақш бастаанд. Зиндагии душвор ва рӯзғори ноошно қомати модарамро хам карда, чеҳраи чун гули арғувонашро монанд ба гули пажмурдаи охири баҳорон карда буд. Бечора, модарам, аз субҳ то шом баҳри қути лоямуте дарздӯзӣ мекард. Гоҳо аз нигоҳи зиёд ҳангоми машғули кори дузандагӣ, дидагонашон об гирифта, аз кунҷи чашмонашон, қатра-қатра об ҷорӣ мешуд ва зуд-зуд бо гӯшаи қарси сапедашон қатраҳои ашкашонро пок менамуданд. Оҳ, модарҷонам, чӣ орзуҳое мепарвардӣ андар дили бузурги худ, чашмонатро на хоб мерабуд ва на роҳат буданд. Ҳангоми гузаронидани нӯги калобаро аз сӯрохии сӯзан дастонат меларзиданду, чашмонатро нимроғ карда, бо азобе ин кор ба шумо даст медод. Падарам бошанд, ба муҳоҷирати меҳнати ба Русия рафта буданду кайҳо моро аз гӯшаи хаёлашон бароварда буданд. Ту бошӣ, модарҷонам, дарун ба дарун месӯхтиву аз мо пинҳон дар кунҷаке мегиристӣ. Дар хона бароямон ҳам падар будиву ҳам модар, зиндагии душвор бар гарданат бор, ҳам корҳои мардонаву ҳам занона. Аз субҳ то шом дарз дӯхтану бо нӯги сӯзан луқмае хӯрдан. Эҳ, парастуҳо, парастуҳо, ҳеҷ ёд доред, шабе, ки мо аҳли хонавода гурусна хоб кардем. Модарам дарз медӯхт, додаракам нон мегуфт ва хоҳаракам дар гаҳвора дасту почак мезад, мегирист. Модарам бо як даст гаҳвора меҷунбонду бо дасти дигар дарз медӯхт. Аз гуруснагӣ маро хоб намебурд, додаракамро ҳам. Додаракам ҳар дам ба модарам муроҷиат карда нон мегуфт. Нон. Модарам бошад аз нон гуфтани додарам шояд дарун ба дарун месӯхт, ки аҳён-аҳён қатраҳои ашкаш аз гӯшаи чашмаш қатра-қатра марҷонвор рухсораҳои монанди себашро хат кашида, аз кунҷи лабонаш ба поён метаровиданд. Модарам ҳар дам мехост чизе гӯяд, аммо гуфта наметавонист, шояд гиря гулугираш мекард ва ҳар дам ба дегчаи сарпӯшидаи сиёҳи болои оташдон назар меафканд. Шояд гуфтанӣ мешуд: “Писарҷонам, ҷигарбандам, то субҳ сабр кун, ман ба ту беҳтарин хӯрокҳоро мепазам”
..Эҳ, парастуҳо, парастуҳо, аммо дар он шаби тирарӯй моргазидаро хоб мебурду ману додаракамро не. Модарам бо умеди он ки пагоҳ ба ману додарам ҳалво пухта медиҳанд, ба ҳамин мазмун аллаеро бо оҳанги пур аз сӯзу гудоз ва овози ғамдида, лекин маҳин, суруд, ки то ҳол дар сарам нақш бастааст:

Алла ҷоноӣ ширини оча,
Алла шероӣ дар камини оча.
Чашмон пӯшед саҳар шава,
Аз ғӯра ҳалвои тар шава.
Алла ҷоноӣ ширини оча,
Алла шероӣ дар камини оча.

Эҳ, парастуҳо, парастуҳо. Он шаб танҳо шумо бедор будед, танҳо шумо. Намедонам, чӣ қадар аз шаб гузата буду чӣ қадар то субҳ монда. Садои гиряи хоҳаракам ба гӯш расиду аз хоб бедорам кард. Модарам, чароғро хомӯш накарда буд ва дар назди тиреза хира-хира дуд карда месӯхт, кулбаи вайронаро хоҳаракам бо гиряи дилхароше обод карданӣ мешуд. Модарам як дасташ ба дастаи гавҳора банд ва бо як дасти дигараш хоҳаракамро ба оғӯш гирифта, сарашро ба болои латтаҳои кӯдакро печонида, навозишкорона ниҳода буд. Гумон кардам, ки хобаш рабудааст, аммо мутаассифона, ки ин тавр набуд. Аз ҷой бархостам ва ба сари гаҳвораи хоҳаракам рафтам ва навозишаш кардам, аммо ӯ ором нагирифт. Нахостам модарамро аз хоб бедор кунам. Аммо хоҳаракам лаҷоми гиряро сар дода буду онро ба даст гирифтан намехост. Очаҷон, хезед хоҳаракам гиря доранд, хезед очаҷон, хезед ба такрор мегуфтам аммо модарам чизе намегуфт, аз хоб бедор намешуд, дасту пойи модарам шах шуда буданд, намеҷунбиданд. Оча хезед гуфта гуфта фарёд мезадам, оча гуфта, аммо модарам ҳамоно аз хоб умеди хестан надошт. Ин ҳолат маро ба тарс овард ва ман ҳам оча хезед гуфта беихтиёр лаҷоми гиряро сар додам. Гиряи ман бо гиряи хоҳаракам ҷур шуд ва додаракам ҳам аз хоб бедор шуд ва баробари аз хоб бедор шудан бе он ки ба чизе сарфаҳм равад, ба гиряи мо ҳамроҳ шуд. Гиряи мо, якҷо ҷур шуда, бар фалак печид, гӯши осмонро харошид. Ана дар ҳамин вақти гиряи мо, шумо парастуҳо ба ҳоли мо, хандидед, ба ҳоли мо, тамасхур кардед ва ман аз ғазаб чӣ кор карданамро надониста шуморо аз хона рондам, лонаатонро вайрон кардам. Аз дари кулба гирён ба берун баромадам, шаб умеди субҳ дамиданро дошт, гӯё табиат бо ҳама мавҷудоташ ба ҳоли ман механдид, ба ҳолам тамасхур мекард. Гӯё ситорагони бомдодӣ ҳамононо мисли аскарони ба як радиф сафкашидаи камарбаста, саф кашида буданду ба пешонаи шӯрам хандида, мавҷак мезаданд, сагони дайдуи деҳа аз ҳар тараф ӯллос кашида, аккос мезаданд, харҳои ҷавмасти корнадида, аз ҳар ҷониби деҳа ҳангос мезаданд, хурӯсҳои саҳархез аз дамидани субҳ хабар медоданд. Аз дидани ин манзараҳои табиат, худро таҳқиршумурда ҳисобида ва лаҷоми гиряро беихтиёр бозҳам дарозтар сар додам. Аллакай субҳ умеди дамидан дошт ва аз қафои кӯҳи гаронвазн хуршед пардаи шабро оҳиста-оҳиста медарид. Хайрият, ки дар ин дам момои Зайнаббибӣ ба додам расид. Ӯ садои гиряи маро шунида ба наздам давида омад ва рангу рӯяш пахта барин сафед шуда, ба рангу рӯи кандаи ман менигарист. Ман бошам, ёрои сухан гуфтан надоштам ва ба дастам ишора карда бо ӯ давида ба хона даромадем. Дидани рӯи модарҷонам ҳамон буду ҳамон. Модарам ҳамоно як дасташ ба дастаи гаҳвора банд ва бо дасти дигараш хоҳаракамро ба оғӯш гирифта, сарашро навозишкорона ба болои латтабандҳои рӯи шикамчаи хоҳаракам монда буд, гӯйё хоб рафта буд, аммо он хоб, хоби абадии ӯ буд, хоби абадии модарҷонам. Субҳ ҳам дамид, хуршед гӯё ханҷар кашида ба замин менигарист, рӯи модарҷонамро дигар надидам. Рӯятро модарҷонам, дигар ба ман нишон надоданд, худро ба рӯи хоки сияҳ мепартофтам, бо ду дастам, мӯямро мекандам, бо нохунонам, рӯямро мехарошидам. Дигар рӯи модарҷонамро надидам, мардум ӯро аз кулбаамон бароварданд ва ба кулбаи охираташ, ба гӯристони болои ёлаи ба чашм наздику ба масофа дури деҳаамон, гусел карданд. Модарҷонам, вақте ки мардум рӯ-рӯи даст мебурдандат, аз қафоят зор-зор мегиристам. Мехостам, ки ман ҳам бо ту равам, бисёр мехостам, зеро бе ту ин дунёи кушоду равшан дар назарам ба мисли даруни кулбаамон тангу торик менамуд, аммо додар ва хоҳаракам садди роҳам мешуданд. Охир, онҳоро партофта бо ту рафта наметавонистам, модарҷонам. Офтоб, гӯё ҳар дам ба сӯям ханҷар кашида менигарист, чароғи даруни кулбаамон бошад, хира месӯхт. Ку дигар сарпаноҳу ку дигар пушту паноҳ. Дарахтони бодоми назди ҳавли бо гулҳои сафеду сурхҷарангӣ шукуфтаи худ алами маро дучанд мегардониданд, гӯё бо ғунчаҳои лабвокардаи худ, таҳқирам мекарданд, сабзаҳои наврустаи дашту даман, дар назарам биёбони регу қумзореро мемонд, лолаҳои шукуфтаи дашту кӯҳсор, бар дидаам буттаи хорро. Ҳама чиз дар назарам бад менамуд, бад. Модарҷонам, моро момои Зайнаббибӣ ба зери қаноти худ гирифту соҳиби як бурда нон шудем, намурдам. Модарҷонам, фарзанди одамӣ дар сахтиҳо, аз сахтӣ ҳам сахтҷонтар будааст. Ана, парастуҳои ҳарҷогард, ман барои чӣ ҳар боре, ки шумо болзанон меомадед, аз хонаамон пеш мекардам, лонаатонро вайрон менамудам, барои чӣ. Ман хато кардам, ман хато кардам. Ин ҳама корам аз рӯи ҷаҳл буд, ҷаҳл. Пасон фаҳмидам, ки шумо гунаҳгор набудаед. Фаҳмидам. Гунаҳгор ҳамон тоҷири дар сурат одаму дар сират ҳайвони қалобу, пастфитрат будааст. Фаҳмидам. Пас аз бурдани гулдузиҳои омодакардаи модарам, гуфтааст, ки пулашро пагоҳ мебиёрам, аммо аз он рӯз то имрӯз пагоҳҳои бешуморе пушти сари ҳам хайрухуш кардаанд. Донистам. Парастуҳо, биёед, инак ман дигар лонаи шуморо вайрон намекунам. Биёед, ман шуморо аз хонаамон намеронам, балки бароятон лона месозам, лонаи ҷовидона.
Модар, ту агар бузург намебудӣ бо як даст ду гаҳвора намеҷунбондӣ. Сад офаринат модар, якчашмаҳое ҳастанд, ки оламро бо ду чашм менигаранд, аммо ту бо ду чашми худ, фарзандҳоятро бо як чашм менигарӣ. Сад офаринат модар, домони ту аз домони кӯҳ ҳам вазнинтар будааст, агар домони кӯҳ гӯлу гиёҳҳоро сабзонда хушконад, аммо тарбият ба домони ту бор аст. Модар, ту монанди шамъ ҳастӣ, ҳама вазниниро бар сари худ мегирӣ ва барои ба дигарон равшанӣ бахшидан, дар оташи худ месӯзиву маҳв мешавӣ. Модар, агар ту ба монанди шамъ равшанӣ ва гармӣ намедодӣ мо, дар гирди сарат парвона намешудем. Модар, агар ту забонатро ба ман намеомӯхтӣ, забонатро аз куҷо медонистам. Шукрона мекунам мар Худоро, ки модарамро ба модараш доду модараш духтарашро ба мо. Инҷо сире нуҳуфтааст. Модароне ҳастанд, ки то даҳ фарзанд доранд ва ҳама фарзандон гуногунанд, яке сабзинаву дигаре зардина, аммо модар ҳамаи онҳоро новобаста ба ранги пӯст, якранг мебинад. Модар, агар ба сони кӯҳ вазнин намебуд, моро дар домонаш намепарвариду дашноми шавҳарро бардошта наметавонист. Эҳ, модар, агар ту фаришта намебудӣ, охирин луқмаро ба даҳони ман намегузоштӣ. Модар шудан бе малол, аммо модар будан амрест маҳол. Фарзанде, ки писари модар нест, модари ӯ очаи он фарзанд нест.


Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.