Понедельник, Июнь 17Ояндаро бо ҳам дурахшон месозем!


Оиди сомона

Салом, истифодабарандагони азизи сомонаи мо!
Мо хушнуд аз онем, ки Шуморо дар сомонаамон мебинем.

InfoPage.Tj – калонтарин сомонаи илмӣ – маърифатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки санаи 3 – юми апрели соли 2018 бо дизайни нав бо мақсади пешниҳоди маълумотҳои илмӣ ва дигар маълумотҳои лозимии умуман ройгон барои ҳамагон дар шакли фаҳмо пурра сохта ба истифода дода шудааст.

Шиори ягонаи сомонаи мо: “Ояндаро бо ҳам дурахшон месозем”.
Интихоби чунин шиор дар сомонаи мазкур афзалиятнокиро дорост, чунки дар асри илму технологияи навин зиндагонӣ дорем, ки ҳар лаҳза тараққиёт дар соҳа ва самтҳои илму технология дида шуда истодааст.

Ин пешравиҳо боис гардид ва чунин сомонаи илмӣ – маърифатии аз ҳама беҳтаринро ба Шумо омода намудаем.

InfoPage.Tj – ин манбаи динамикии рушди интернет барои ҳамаи ҳаводорони илму дониш, устодони азиз, донишҷуён ва мактаббачагон бо 3 забон: забони тоҷикӣ, забони русӣ ва забони англисӣ.

Дар сомонаи мо Шумо ҳамаи маълумотҳои лозимаи зеринро пайдо мекунед:
– Китобҳои дарсӣ (барои синфҳои 1-11);
– Китобҳои бадеӣ;
– Китобҳо барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ;
– Китобҳо барои худомузишӣ (по саморазвитию);
– Тестҳо, онлайн – тестҳои шавқовар аз ҳамаи мавзуъҳо ва фанҳо;
– Манзараҳои зебо ва таърихии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
– Намунаи ҳуҷҷатҳои лозимӣ;
– Панду андешаҳои бузургон;
– Озмунҳо дар сомона;
– Табрикотҳо ва сенарияҳо;
– Фармоиши корҳо [реферат, презентатсия(оддӣ, миёна ва профессионалӣ), кӯмак оиди ҳалли ҳама намуди мисолу масъалаҳои математикӣ ва ҳалли ҳама намуди мисолу масъалаҳои математикӣ] бо промо-рамзҳои ба дастовардашуда аз онлайн тестҳо ва озмунҳо;
– Суханони беҳтарини мотиватсионӣ;
– Афсонаҳо, қиссаҳо ва ҳикояҳои тамсилӣ;
– Онлайн консултант (барои посух ба саволҳои шумо);
– Пешниҳоди кушодани суроғаи электронӣ: @infopage.tj;
– Пешниҳоди кушодани ҳуҷраи инфиродӣ дар сомона (аз номи худ гузоштани маълумотҳои беҳтарин);
– Гузоштани баннер-рекламаҳои гуногуни худ дар сомона;
– Презентатсияҳо, рефератҳо;
– Дигар маълумотҳои лозимӣ…

Агар Шумо дорои маълумоти беҳтарини лозима ё илмӣ бошед, пас метавонед ба суроғаи электронии мо равона намоед: ip@infopage.tj ё ба Viber. Он нафароне, ки маълумотҳои худро аз номи худ ба сомона дохил кардан мехоҳанд, бо мо муроҷиат намоянд.
Тарзи ба мо муроҷиат намудан:
-Барои кушодани ҳуҷраи инфиродӣ ба “Тамос бо мо” дохил шуда, “Ҳуҷраи инфиродӣ”-ро интихоб намуда, муроҷиат намоед.

Дар ин ҷо мо каме оиди нақшаҳоямон маълумот овардаем.
Мо ҳамарӯза барои боз ҳам беҳтар кардани сомона кор хоҳем кард. Ҳамарӯза садҳо маълумотҳои лозимӣ ва илмӣ дохил карда мешавад. Аз Шумо танҳо ба сомона дохил шудан, маълумотҳои беҳтаринро ба даст овардан, савияи дониши худро дар шохаҳои гуногуни илму маърифат сайқал доданро тақозо мекунем.
Мо мехоҳем, ки:
– Дохил шудани маълумотҳо ба сомона зиёда 2000+ шумора (айни ҳол дохил карда шудааст 2151 шумора);
– Дохил шудани маълумотҳо ба сомона – ба миқдори 25 000 шумора ва аз ин зиёд;
– Дохил шудани маълумотҳо ба сомона – ба миқдори 100 000 шумора ва аз ин зиёд.

Метавонед бо қонунҳои дохилии сомона хонда, шинос гардед ва агар шумо ба қонунҳои сомона розӣ бошед, мо хушҳолем, чунки якдигарфаҳмӣ ин хислати беҳтарини инсонӣ мебошад ва моро ба қуллаҳои баланд бурда мерасонад.

Марҳабо ба сомонаи мо!
Мо бениҳоят шод ҳастем, ки бо мо ҳастед ва хоҳонем, ки доимо бо мо бошед!
«Барои мо беҳтарин будан – ин нуқтаи охирон нест, балки оғози роҳ аст.»